Омодагӣ ба КодингШом 1

27.02.2021 Автор: mukhbira

Рузи 1-уми Март мо чорабинии КодингШом-ро ба нақша гирифтаем ва барои боз ҳам пурмаҳсул гузаштани он метавонед аз ҳозир қадамҳои зеринро иҷро намуда омода шавед.

Node.js барои истифода дар Windows, Linux ва macOS дастрас аст. Онро метавонед аз ин ҷо гиред: https://nodejs.org/.
Барои насб намудан кифоя аст, ки ба шартҳои истифодабарӣ розӣ шуда якчанд бор тугмачаи Next-ро пахш намоед. Пас аз анҷоми насби Node.js интерфейси дохилкунии фармонҳоро кушоед (Windows: Command Prompt, Командная строка ё PowerShell, Linux ва macOS: Терминал, Terminal) ва node -v дохил намуда Enter-ро пахш намоед ва дуруст насб шуда бошад ба шумо маълумот оиди версияи насбшуда бояд, ки барояд, масалан: v15.10.0

Visual Studio Code-ро метавонед аз инҷо гиред:

https://go.microsoft.com/fwlink/?LinkID=534107

Барои насб намудани он низ кифоя аст, ки ба шартҳои истифодабарӣ розӣ шавед. Насб намудани он хеле осон аст ва танҳо чанд лаҳзаро дар бар мегирад. Одатан он дар файли зерин насб карда мешавад. C:\users\{username}\AppData\Local\Programs\Microsoft VS Code.

relojes imitacion replique montre replicas relojes