КодингШом

25.02.2021 Автор: mukhbira

Шодем шуморо ба чорабинии КодингШом 1 даъват намоем. Сана: 01-уми марти соли 2021, оғози чорабинӣ соати 20:21.
Чорабинии мазкур барои оғози истифода бурдани фреймворки машҳури муосири ҷаҳонӣ — Angular дар коркарди фронтэнди веб барномаҳо бахшида шудааст. Дар нақша гирифта шудааст шиносоӣ бо фреймворк, роҳҳои зуд, қулай ва босифати омӯзиши он ва дарси амалии истифодаи Angular.
Албатта ин қадамҳои нахустин аст: ба мо дар гузаронидани чунин чорабинӣ, ба иштирокчиён дар омузиши Angular ва дар оянда ин ша Аллоҳ боз бахшида ба дигар забонҳои барномасозӣ ва технологияҳои навтарини дар бозор талаботдошта КодингШом мегузаронем. Линки онлайн пахши чорабиниро рӯзи гузаронидани чорабинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ 15-20 дақиқа пеш аз пахш дарёфт кардан метавонед, аз ҳамин лиҳоз лутфан саҳифаҳои моро пайгирӣ намоед.
https://t.me/donishOrg
https://instagram.com/donish_org
https://www.facebook.com/donish.org

Барои боз ҳам манфиатнок кардани иштирок дар чорабинӣ хуб мешуд дар компютерҳои худ барномаи Visual Studio Code https://code.visualstudio.com/ ва Node.js https://nodejs.org/ (дилхоҳ версияро: фарқ надорад навтарин ё LTS) насб намоед.

relojes imitacion replique montre replicas relojes