Насб кардани Angular CLI

28.02.2021 Автор: mukhbira

Angular-ро барои сохтани лоиҳаҳо, омода кардани коди барномаҳо ва китобхонаҳо (library) ва барои иҷро кардани вазифаҳои дар рафти коркард баамалоянда монанди тест кардан, омодакунии бастаҳо ва нашр, истифода бурдан мешавад.

Барои насб кардани Angular CLI, равзанаи терминалро кушоед ва фармони зеринро иҷро намоед:

npm install -g @angular/cli

Фазои корӣ (workspace) ва нахустбарномаро созед

Барномаҳоро дар фазои кории Angular таҳия бояд кард.

Барои сохтани фазои кории нав ва барномаи шурӯъкунанда (starter app):

  1. Фармони ng new иҷро кунед ва ба он номи my-app -ро чуноне ки нишон дода шудааст гузоред:
    ng new my-app
  2. Фармони ng new оид ба илова кардани маълумот ба барномаи шурӯъкунанда бояд дархост намояд. Танзимоти стандартиро метавонед бо пахши Enter ё Return қабул намоед.

Angular CLI бастаҳои зарурии Angular npm ва дигар вобастагиҳоро насб мекунад. Ин метавонад якчанд дақиқа давом кунад ва дар натиҷа фазои нави корӣ ва як барномаи оддии ба кор омадаро месозад.

Шумо инчунин имкони истифодаи режими strict-и Angular-ро доред, ки метавонад ба шумо барои навиштани коди беҳтар кӯмак кунад. Маълумоти иловагӣ дар саҳифаи: Strict mode

Иҷро кардани барнома:

Angular CLI сервер низ дорад, ки шумо метавонед барои санҷиши барномаи худ истифода баред. Барои ин папкаи лоиҳаро дар терминал (командная строка, PowerShell) кушода фармони зеринро иҷро намоед:

cd my-app

ng serve —open

Фармони ng serve кори серверро ба кор медарорад, ба тағйироти файлҳо “гӯш” мекунад ва барномаро ҳар дафъае, ки ягон тағйирот ворид шуд аз нав месозад.

Параметри –open (ё -o) барои веб браузерро ба таври автоматӣ бо суроғаи http://localhost:4200/ кушодан хизмат мекунад.replika klockor

Дар ҳолати бомуваффақ анҷом ёфтани ҳама қадамҳо, шумо бояд саҳифаеро ба монанди ин бинед:

relojes imitacion replique montre replicas relojes