Чӣ тавр барномасозиро омӯзам?

27.05.2021 Автор: Khurshed Gulov

Чӣ тавр барномасозиро омӯзам? — саволе аст, ки барномасозҳои ҷавон ба он ҷавоби дуруст мекобанд, ки чӣ тавр дар ягон соҳаи барномасозорӣ тахассуси мувофиқ пайдо кунанд. Имрӯз низ чунин савол аз тарафи як барномасозӣ ҷавон ба ман дода шуд ва барои ба дигарон низ осонӣ овардан дар ин савол каме оиди малакаи худ дар омӯзиши барномасозӣ дар ин ҷо гуфтам нависам. 

Барои онҳое, ки нав омӯзишро дар дилхоҳ соҳаи барномасозӣ оғоз карданӣ ҳастанд, маслиҳат чунин аст:

Қадами 1: Омӯзиш ва шиносоӣ бо самт ва интструментҳои интихобшуда, ки чӣ имкониятҳо пешниҳод мекунанд. Одатан за ҳуҷҷатҳои расмӣ (официальный документация) ва бар замми ин иҷро кардани дарс (tutorial)-ҳо, зеро барои фаҳмидани инструменти интихобшуда қадами муфид аст.

Қадами 2: Омӯзиш аз рӯи китоб, зеро дар китобҳо одатан проектҳо ҳаст, ки зина ба зина муаллифи китоб сохта такмил медиҳад ва то охири китоб он чизе ки дар қадами 1 омӯхтед аллакай тарзи истифода бурданашро Худо хоҳад мефаҳмед.

Қадами 3: Мустаҳкамкунӣ бо роҳи омӯзиш аз боз ягон китоби иловагӣ (муаллифони гуногун бошанд боз хубтар, зеро стилистикаи гуногуни relojes replicas коднависиро омӯхта ҷаҳонбиниро васеъ кардан беҳтар) ё видеодарсҳо (дар ҳоле, ки мустаҳкамкунӣ аз китоб ягон мушкилӣ ба миен орад).

Қадами 4: Аз 0 сохтани ягон лоиҳа (барнома)-е, ки новобаста ба коркарди он шавқ доред. Дар вақти навиштани проекти худатон баъд ҷойҳое, ки бо китобҳои омӯхтаатон монанд аст, боз аз китоб  маводи мувофиқро такрор кардан Худо хоҳад фоидаи нағз медиҳад барои мустаҳкам шудани мавзӯъ.

Омӯзишро бо 1 ё 2 китоб ба охир нарасонед, омӯзишро сар карда доимо донишро такмил диҳед ва доимо аз документацияи расмӣ тағйиротҳо ва имкониятҳои нав ё аз байнрафтаро омӯхта истед.

Дар матни боло зери мафҳуми инструмент дар назар дошта шудааст: Забони барномасозӣ, Фреймворкҳо, платформаҳо ва дилхоҳ барномаҳое, ки дар барномасозӣ имрӯзҳо истифода мешаванд.

Муваффақият!

relojes imitacion replique montre replicas relojes