Натиҷаи КодингШом 1
03.03.2021Санаи 1 март онлайн чорабинии КодингШом 1–ро бахшида ба Angular гузарондем. Барои мо худ як эксперимент буд ва барои бори аввал ба фикрамон натиҷаи хуб аст. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки пайваст шуда тамошо кардед.
Шодем аз шунидани ҳама он суханҳои гарме, ки ба мо гуфтед ва ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки баъд аз гузаштани чорабинӣ фикрҳои худро баён кардед, камбудӣ ва норасоиҳое, ки буд қайд кардед, Худо хоҳад кабудиҳоро бартараф мекунем ва ҳаракат мекунем чорабиниҳои навбатиро шавқовартар ва пурмаҳсултар гузаронем.
Дар вақти навиштани суханҳои мазкур 49 кас онро тамошо кардааст, ки он қадар зиёд набошад ҳам, кам низ нест, тақрибан 2 аудиторияи стандартии донишҷуйҳо аст 🙂
Ягон фикрҳо, пешниҳодҳо ва махсусан эродҳо бошад озодона ба мо навишта равон кунед. Фикру пешниҳодҳои навро аз назари нав ҳамеша хуб аст фаҳмидан ва камбудиҳои худро низ аз тараф чӣ тавр менамояд фаҳмиданамон лозим, то ки мо фардо аз имрӯза Худо хоҳад беҳтар шавем.
Ба назари мо «пайгирӣ кунед», «обуна шавед» гуфтан ҳарчанд нодуруст набошад ҳам, он қадар мантиқан бо мақсадҳо мувофиқ нест. Аз ҳамин сабаб гуфтанием, ки бо мо муттаҳид шавед, барои беҳтар кардани фардои худ ва фардои беҳтарро ба фарзанду набераҳоямон аз худ боқӣ гузоштан, намунаи ибрат шавем, то ки насли мо аз мо низ беҳтар шаванд. Нагӯянд, ки мо аз насли пеш чӣ чизи хуб дидем, ки ба насли оянда кунем. Нагӯянд, ки чӣ қадар аҷдодҳои камсаводе доштем, ки ба мо чунин рӯзро раво диданд ва аз худ на илм, на ягон дастоварди илмӣ гузоштанро ба фарзандҳои худ раво диданд. Нагӯянд, ки ҳар чӣ карданд барои «шиками» худ карданду ояндаро фикр накарданд…