Сохтани аниматсия бо воситаи телефони мобилӣ

20.02.2021 Автор: mukhbira

Дар дастури имрӯза мо чӣ тавр бо воситаи телефони мобили сохтани аниматсияро меомӯзем. Барои ин ба мо барномаи Flipaclip лозим аст, ин барнома ройгон ва ҳам барои истифодабарандагони IOS ва Android дастрас аст. Шумо метавонед барномаро аз линк дар поён дода шуда боргири намоед.

https://play.google.com/store/apps/details?id=com.vblast.flipaclip

Пас аз насб намудани барнома барои осонтар намудани кор экрани телефонро уфуқи менамоем(горизонтальный).

Синну соли худро ворид мекунем ва ба кор шурӯъ мекунем. 

Вақте, ки барномаро бори аввал насб мекунед он ба шумо якчанд дастурамалро пешниҳод менамояд. Ба шумо тамошои онҳоро тавсия медиҳем. Ё метавонед тугмачаи “”Dismiss” (маҳкам кардан)-ро пахш намоед.

Барои сохтани аниматсияи нав тугмачаи ҷамъро пахш намоед.

Ба инҷо номи аниматсияамонро ворид менамоем.

Аз “Choose background” шумо метавонед замина (фон)-и аниматсияро интихоб намоед. Шумо метавонед манзара, варақ, ранг ва ё расми дилхоҳатонро ҳамчун замина интихоб намоед.

Дар “Canvas size” Youtube (1080p)-ро интихоб менамоем, зеро он сифати он аз ҳама баландтаринро медиҳад.

Барои аниматсияи хуб ва равон 12 фрейм дар як сония кифоя аст. Агар шумо маҳорати хуби рассоми дошта бошед метавонед фреймро зиёд намоед.

Акнун метавонем ба кор шурӯ кунем. Барои сохтани аниматсия тугмачаи “Create Project”- ро пахш мекунем.

Баъзе телефонҳо хусусияти бо даст давр занондани канвас доранд. Шумо метавонед онро фаъол гардонед ва ё хомуш кунед.

Акнун мо бо шумо лоиҳаи аниматсияамонро сохтем дар поёни расм шумо метавонед шарҳи асбобҳоро дарёфт намоед.

  1. Аз ин ҷо метавонед ягон намуди қаламро мувофиқи табъ интихоб намоед ва андозаи онро бориктар ё ғафстар намоед.
  2. Хаткӯркунак
  3. Лассо
  4. Ранг
  5. Ҳуруф (Шрифт)
  6. Мусиқӣ
  7. Хаткашак
  8. Нусхабардорӣ omega replique
  9. Гузориш
  10. Ба пеш
  11. Ба қафо
  12. Ҳангоми андозаи канвасро калон кардан агар ин тугмачаро пахш кунем онро ба андозаи аввалааш бар мегардонад
  13. Танзимот — аз ин ҷо метавонед лоиҳаро танзим намоед, фреймҳоро аз назар гузаронед, расм ё видео илова намоед ва ё аз лоиҳаи сохтаатон филм созед
  14. Қабатҳо (слои)- аз ин ҷо метавонед қабат илова намоед
  15. Қабатҳо (слои)- аз ин ҷо бошад қабатҳои илова намудаатонро идора карда метавонед аз он ҷумла шаффофии онҳоро
  16. Тугмаи оғози азназаргузаронӣ (кнопка воспроизведения)
relojes imitacion replique montre replicas relojes