4 роҳи ба даст овардани маблағи иловагӣ ҳамчун барномасоз

20.02.2021 Автор: mukhbira

Ассалому алейкум

Имрӯз мехоҳем ба шумо чор роҳи ҳамчун барномасоз ба даст овардани маблағи иловагиро, нишон диҳем.

Инак, роҳи аввалин дарёфти маблағи иловагӣ ин фурухтани маҳорат аст. Шумо маҳорати хубӣ барномасозӣ доред? Пас, сомонаҳои дар поён додашударо аз назар гузаронед.

Роҳи дуюми бошад ин иштирок кардан дар хакатонҳою озмунҳои гуногун аст. Яке аз аз чунин сомонаҳо ин TopCoder мебошад. Аъзоёни ин сомона хеле одамони дилчасп ва боистеъдоданд. Ногуфта намонад, ки инҷо рақобат шадид хеле шадид аст. Барномасозон метавонанд дар ин ҷо малакаи худро такмил диҳанд , таҷрибаи худро нишон диҳанд ва муҳим аз ҳама пул кор кунанд — ин ҳама ба ташкилотҳои воқеӣ ба мисли IBM, Google, Microsoft ва ғайраҳо дар ҳалли мушкилоти воқеии тиҷорат кӯмак мерасонанд. Сомонаи мазкурро метавонед аз линки дар поён дода шуда дарёфт намоед.

Роҳи сеюм ин тавассути фурухтани курсҳои онлайнӣ аст. Гуфтанӣ ҳастед, ки барои ин малакаи кофӣ надоред? Дар интернет курсҳо хеле ва хеле зиёданд шумо метавонед онро ба забони модариатон таҷрума кунед ва аз он истифода баред. Ё ин ки метавонед дар минтақаи худ ва ё дар хонаатон курсҳои омӯзиши ташкил кунед.

Инак роҳи охирине, ки мо ба шумо тавсияи медиҳем ин гузоштани рекламаҳо дар ютуб аст. YouTube ин як платформаи аҷибест ки ба шумо имкониятҳои зиёде медиҳад яке аз онҳо ин гузоштани реклама аст, шумо метавонед дар оғози видеоҳои худ рекламаи ин ё он ширкатҳоро гузоред, ва аз ин ҳисоб маблағ ба даст оред.

relojes imitacion replique montre replicas relojes