Идора кардани якчанд компютер бо истифодаи як клавиатура ва муш

22.03.2021 Автор: mukhbira

Мехоҳед дар як вақт якчанд компютерро бо як клавиатура ва муш идора кунед? Ин  барномаҳо ба шумо кумак мекунанд.

Агар шумо дар хонаатон зиёда аз як компютер дошта бошед, масалан, компютери шахсӣ ва корӣ, ё ноутбук баробар идора кардани онҳо шояд душвор бошад. Ба ҷои он ки клавиатураҳоро дар болои ҳамдигар гузоред, шумо метавонед аз барнома ё таҷҳизоти махсус истифода баред, то дар як вақт барои идораи ду ва зиёда компютерҳо як муш ва як клавиатураро истифода баред.

Ягон барномае нест, ки ба дараҷаи олӣ кор кунад ва ҳама чизро иҷро кунад. Ҳар як вариант тарафҳои мусбат ва манфии худро дорад, аммо ду усул вуҷуд доранд, ки аз байни дигарон фарқ мекунанд. Барномаҳои: Mouse Without Borders ва Synergy.

Mouse Without Borders: барномаи ройгон барои Windows

Лоиҳаи таҷрибавии таҳиягари Microsoft Truong Do, Mouse without Border як барномаи ройгонест, ки муш ва клавиатураи шуморо барои идораи  муштараки компютерҳои Windows имконият медиҳад. Инчуни, насб кардани он хеле осон аст.

Mouse Without Borders-ро дар компютери асосие, ки муш ва клавиатураи онро барои дигар мошинаҳо истифода бурданиед насб намоед. Ҳангоми пурсидан “оё шумо онро дар дигар компютерҳо насб кардаед”, “No”- ро пахш кунед. Ба шумо рамз дода мешавад — он рамзро гиред ва дар дигар компютерҳои худ Mouse Without Borders-ро насб кунед ва ҳангоми дархост кардан он рамзро ворид кунед. Онҳо бояд ба таври автоматӣ ба ҳам пайваст шаванд, ҳеҷ ягон қадами иловагӣ талаб карда намешавад.

Дар равзанаи асосии Mouse Without Borders, шумо метавонед тартиби компютерҳоро ҷойиваз намоед, то қи мувофиқи талаботи худ ҷо ба ҷо кунед. Масалан, мизи кории ман дар тарафи чапи ноутбук ҷойгир аст. Ҳамин тариқ, муши шумо ҳангоми ба канори дилхоҳ кашидан бояд ба осонӣ ба компютери дигар «ҷаҳад». Дар ин равзана, шумо метавонед бо баъзе вариантҳои дигар бозӣ кунед, агар хоҳед.

Mouse Without Borders ройгон аст, аммо баъзан суст кор мекунад. Дар компютери дуюм, ҳангоме ки ман онро дар экран ҳаракат медодам, курсорам аксар вақт суст ҷавоб медод ё дар як сония меистод, ки ин метавонад боиси гум шудани дақиқият ҳангоми пахш кардани объектҳо гардад.

Аммо, мубодилаи маълумот (буфер обмена) байни ду компютери ман хуб кор кард ва ман метавонистам файлҳоро аз як компютер ба компютери дигар бе мушкилӣ партоям. Худ инро санҷед ва бубинед, ки оё ин барои шумо кофӣ аст ё не; дар акси ҳол, Synergy-ро аз поён санҷед.

Synergy: пулакӣ, равон ва платформаи фарогир

Synergy барномаи маъруфтарин дар ин соҳа аст ва ҳамчун варианти устувор боқӣ мондааст. Аммо, он $30 арзиш дорад, инчунин танзимоташ каме душвор аст ва ҳоло аз ҷиҳати хусусиятҳо дар давраи гузариш қарор дорад.

Ҳангоми харидории барнома ба шумо линки зеркашӣ дода мешавад, то онро дар компютери худ насб кунед. Пас аз ба охир расидани насб, компютери худро рестарт (перезагрузка) намоед. Вақте ки шумо бармегардед, Synergy аз шумо мепурсад, ки оё компютери ҳозира Сервер ё Клиент аст.

Агар ба ин компютер муш ва клавиатураи, ки шумо мехоҳед дар байни ҳарду компютер истифода баред пайваст бошад, Сервер ро интихоб кунед. Дар акси ҳол «Клиент» -ро интихоб кунед.

Пас Synergy аз шумо хоҳиш мекунад, ки ҳисоби (учётная запись) худро фаъол созед — калиди литсензияро аз сафҳаи ҳисоби Symless нусхабардорӣ кунед ва ба барномаи Synergy гузоред. Пас аз фаъол шудан, ин равандро дар дигар компютерҳо такрор кунед ва ҳангоми ба танзим даровардани он ба ҷои «Сервер» «Клиент» -ро интихоб кунед.

Пас аз он ки Synergy дар ҳарду компютер ба кор мекунад, ба шумо лозим меояд, ки онҳоро бо ҳам пайваст кунед. Дар сервер тугмаи Synergy Configure Server-ро пахш кунед. Дар гӯшаи болоии чап, шумо бояд нишонаеро бинед, ки ба монитори компютер монанд аст. Онро ба шабака (сетка) кашед ва бо нишони компютерии сервер ҳамоҳанг кунед.

Масалан, клиенти ман, Mac mini, дар тарафи рости сервер ҷойгир аст ва мизи кории ба номи Jotunn дар мизи кории ман ҷойгир аст, бинобар ин ман нишонаро як квадрат ба тарафи рости тасвири компютери сервер кашола кардам.

Пас тасвири Untitled-ро, ки шумо нав илова кардаед, ду маротиба пахш кунед. Дар майдони Номи экран номи компютери муштариро ворид кунед — шумо онро дар равзанаи Client Synergy мебинед, ки дар он номи Client навишта шудааст. OK ро пахш кунед. Пас тугмаи Apply -ро барои татбиқи танзимот пахш кунед ва сервери Synergy -ро оғоз кунед. (Ба шумо лозим меояд, ки ҳар вақте, ки Synergy-ро дар сервер оғоз намоед, ҳатто агар шумо ягон танзимотро тағйир надиҳед, Apply -ро клик кунед).

Дар болои равзанаи Synergy дар компютери сервери худ, шумо суроғаи IP-ро бо ҳуруф мебинед — дар ҳолати ман, 192.168.1.11. Ин силсилаи рақамҳо ҷойгиршавии компютерро дар шабака нишон медиҳад ва компютери клиенти шумо бояд суроғаи IP серверро барои пайвастшавӣ донад. Ин суроғаро  ба майдони Сервер дар равзанаи Synergy дар компютери клиент, тавре ки дар боло нишон дода шудааст нусха гирифта гузоред. Пас аз он, тугмаи Оғозро пахш кунед. Пас ду компютер бояд пайваст шаванд.

Пас аз бомуваффақият насб кардан, шумо метавонед клавиатура ва муши компютерии серверро дар ҳарду дастгоҳ истифода баред. Танҳо онро ба канори экрани асосии компютери худ кашед ва он ба компютери дигар мегузарад, гӯё ки ҳамон як компютер бошад.

Дар ҳоле, ки шумо метавонед матнро байни онҳо нусхабардорӣ кунед, кашола кардан ва партофтани файлҳо дар айни замон он қадар хуб кор намекунад. Synergy мегӯяд, ки ҳоло ин хусусияти бета аз Mac-ба Mac аст. Ман онро аз Mac ба Windows истифода бурдам, аммо аз Windows бо Mac кор накард.

Умуман, Synergy нисбат ба Mouse Without Borders хеле равон аст, ки онро боз ҳам ҷолибтар кард (сарфи назар аз набудани кашолакунии боэътимод). Роҳҳои дигари танзими Synergy мавҷуданд, бинобар ин, танзимоти сервери худро барои клавиатураи иловагӣ ва танзимоти дигар санҷед.

Агар ҳеҷ кадоме аз ин вариантҳо барои шумо кор накунад, усулҳои дигаре ҳастанд, ки бояд таҳқиқ кунед, ки кадомаш барои шумо беҳтар аст.

Sharemouse

Sharemouse як варианти дигари платформаи фарогирест монанди Synergy. Асосан, ҳеҷ гуна конфигуратсия лозим нест, зеро он ба таври худкор дигар компютерҳои Sharemouse дар шабакаро муайян мекунад. Кашолакунӣ якхела кор мекунад, агар барои версияи профессионалӣ  30$  пардохт кунед. Бо вуҷуди ин, ӯ нисбат ба Synergy хеле суст кор мекунад. Аммо, агар Drag and Drop зарур бошад, ин метавонад беҳтарин вариант барои шумо бошад.

KVM Switch

Пеш аз он ки барномаҳо ин вазифаро ба осонӣ иҷро кунанд, ин амалро дастгоҳҳо, ки бо номи Калиди (переключатель) KVM маъруфанд иҷро мекарданд. Калидҳои оддии KVM ба монанди ин модели HDMI JideTech ё ки модели DisplayPort IOGear ба мисли калиди оддии A / B амал мекунанд. Шумо тугмаеро дар дастгоҳ пахш мекунед, то клавиатура ва мушро аз як компютер ба компютери дигар интиқол диҳед.

Моделҳои гаронарзиш метавонанд суръати баландтари навсозии дисплейро дастгирӣ кунанд ё дисплейро пайваст нигоҳ доранд то нишонаҳо ҷойи худро иваз нанамоянд . Агар шумо аллакай якчанд монитор дошта бошед, ба шумо танҳо як гузариши оддии USB лозим аст. Аммо, бисёри калидҳои KVM хислати хоси худро доранд, бинобар ин, ба шумо лозим меояд, ки тафсирҳои зиёдеро хонед ва озмоиш кунед, то кадом калиди KVM барои ҳолати шумо беҳтар аст.

Мизи кории фосилавӣ

Пайвастагии фосилавӣ ба компютере, ки дар паҳлӯи шумо истодааст, метавонад хандаовар садо диҳад, аммо ин ҳам хеле оддӣ аст. Агар шумо дар ҳамаи компютерҳои худ Windows дошта бошед, Microsoft  Remote Desktop воситаи беҳтарин аст, ки Windows компютерҳоро аз компютерҳои  Windows, macOS, Android, iOS имконияти идора кардан медиҳад. Барои дигар платформаҳо, Мизи кории фосилавии Chrome аст ки хеле хуб кор мекунад.

Бисёр барномаҳои дигар мавҷуданд, аммо барои аксари одамон, яке аз роҳҳои дар боло додашуда бояд хуб кор кунад, то онҳо бе клавиатураи иловагӣ кор кунанд.

relojes imitacion replique montre replicas relojes