Фарқияти SIP ва VoIP

12.03.2021 Автор: mukhbira

Оё  байни SIP ва VoIP ягон фарқият вуҷуд дорад?

Алоқаи тиҷоратӣ ихтисорот ва истилоҳҳо техникии худро дорад, ки барои шахсоне, ки аз ин соҳа дур ҳастанд каме мушкил аст. Масалан, фарқият байни SIP ва VoIP. Шояд шумо дар бораи онҳо чизе хондаед ё шунидаед, аммо онҳо чӣ гунаанд, кай ва барои чӣ онҳоро истифода бурдан мешавад?

Биёед аввал чи будани SIP ва VoIP -ро муайян кунем.

VoIP — «Voice over Internet Protocol» буда маънояш «овоз ба воситаи протоколи интернет» мебошад. VoIP овозро ба маълумоти рақамӣ табдил медиҳад, ки бо истифодаи шабакаи баландсуръати Интернет интиқол дода мешавад.

SIP — Session Initiation Protocol. Ин протоколи алоқа мебошад (монанди дастурамал), ки навъи паёмҳоеро, ки байни нуқтаҳои ниҳоӣ тавассути интернет фиристода мешаванд муайян мекунад ва онҳоро пайваст мекунад.

Фаҳмо? Ғамгин нашавед. Мо ҳама чизро мефаҳмонем.

VoIP барои чӣ истифода мешавад?

Шумо аллакай чӣ будани VoIP-ро медонед, зеро шумо эҳтимолан онро ҳар рӯз истифода мебаред. Шумо шояд намедонистед, ки он чӣ ном дорад. Аммо агар шумо кӯшиш кунед, ки фарқи байни SIP ва VoIP -ро фаҳмед, донистани VoIP муфид аст. VoIP ин ҳама гуна зангҳоест, ки тавассути хати рақамӣ ё тавассути пайвастшавӣ ба ҷои хати анъанавии аналогии телефони анҷом дода мешаванд, масалан зангҳо тавассути Skype, Telegram ва дигар мессенҷерҳо.

Телефонҳои аналогӣ хатҳои телефони мисинро барои интиқоли овоз аз таҷҳизоти даъваткунанда ба телефони дигар истифода мебаранд. Онҳо ҳамеша буданд ва дар тӯли 100 соли охир тағйироти зиёде дар ин соҳа ба амал наомадааст. Телефонҳои рақамӣ шабакаи интернетро истифода мебаранд, на симҳои мис. Дар ҳоле ки технологияи VoIP (http://www.voipinsights.com/voip_history.html) аз охири солҳои 90-ум вуҷуд дошт, он тақрибан то соли 2004 маъмул набуд.

Хатҳои рақамӣ тадриҷан телефонҳои аналогиро иваз мекунанд. Аз соли 2010 то 2018, миқдори  хатҳои тиҷоратии VoIP дар ИМА аз 6,2 миллион ба 41,6 миллион ҷаҳиданд. COVID-19 талаботро танҳо афзоиш додааст, зеро шумораи бештари одамон дар хона аз фосилаи дур кор мекунанд ва ба усулҳои гуногуни муошират, ба ҷуз телефон, ниёз доранд. Бо истифода аз VoIP, корбарон метавонанд тавассути телефонҳои махсус, компютерҳои статсионарӣ ва ноутбукҳо ва барномаҳои мобилӣ муошират кунанд.

VoIP инчунин метавонад ба абрӣ (cloud-based) бошад ва платформаи беҳтарин барои ҳама гуна алоқаи рақамӣ, аз  ҷумла видеоконфронсҳо кунад, чизе, ки бо хатҳои телефонии аналогӣ кардан ғайриимкон аст. Гартнер омори ҷолиб дар бораи телефонияи абрӣ (cloud-based) ва конфронсҳои абрӣ дорад. (https://www.gartner.com/en/newsroom/press-releases/2020-06-02-gartner-says-worldwide-end-user-spending-on-cloud-based-web-conferencing-solutions-will-grow-nearly-25-percent-in-2020)

Категорияи аз ҳама босуръат афзоянда ба телефонияи абрӣ асос ёфтааст, ки дар соли 2020 наздик ба 17 миллиард долларро ташкил дод.

SIP барои чӣ истифода мешавад?

SIP қисми алоқаи тиҷоратӣ аст, аммо байни SIP ва VoIP фарқе ҳаст. SIP яке аз протоколҳои мушаххасест, ки VoIP алоқаро оғоз мекунад — он ҷаласаи иртиботии IP (Internet Protocol) -ро байни одамоне, ки таҷҳизотҳои IP истифода мебаранд, оғоз мекунад.

Мувофиқи маълумоти SIP.US, SIP «паёмҳоеро, ки байни нуқтаҳои ниҳоӣ фиристода мешаванд, муайян мекунад ва он таъсис, қатъ ва дигар унсурҳои муҳими зангро танзим мекунад. SIP метавонад барои интиқоли иттилоот байни танҳо ду нуқтаи ниҳоӣ ё бисёр истифода шавад. Ғайр аз овоз, SIP метавонад барои конфронсҳои видеоӣ, паёмнависии фаврӣ (instant messaging), паҳнкунии ВАО ва дигар барномаҳо» тавассути IP шабакаҳо истифода шавад.

Бо фиристодани намудҳои гуногуни маълумот тавассути шабакаҳо дар вақти дилхоҳ, SIP сохтори таъмин намудани он маълумотро аз нуқтаи А то нуқтаи Б (ва дар ҳолати зарурӣ C, D ва E) таъмин менамояд. SIP ба корбарон имкон медиҳад, ки зуд ва replica uhren kaufen боэътимод тавассути шабакаҳои мухталиф пайваст шаванд. SIP ба одамон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон имкон медиҳад, ки бо истифода аз овоз, видео ё маълумот дар компютерҳо, телефонҳои хонагӣ ва телефонҳои мобилӣ тавассути интернет муошират кунанд.

Ширкатҳо ба ин имконият аз ҳарвақта бештар ниёз доранд, зеро одамон бояд тавонанд аз куҷое ки бошад бидуни маҳдудият кор кунанд. SIP кафолат медиҳад, ки ширкати шумо метавонад афзоиш ёбад барои қонеъ кардани ниёзҳои мизоҷон ё истифодабарандагон, хоҳ ба онҳо алоқаи овозӣ, видео, паёмнависии фаврӣ ва / ё дигар шакли иртиботи муосири тиҷоратӣ лозим бошад.

Манфиатҳои VoIP бо SIP

Ин аст, ки он метавонад каме душворфаҳм бошад. Тавре ки мо қаблан гуфта будем, SIP танҳо яке аз протоколҳое мебошад, ки ба истифодаи VoIP имкон медиҳанд. Ин ягона протокол нест, аммо он то ба ҳол васеъ истифода мешавад. Дар асл байни SIP ва VoIP фарқе нест, зеро онҳо ду чизи дигаранд — онҳо якҷоя кор мекунанд. VoIP бо SIP ба шумо имкон медиҳад, ки имкониятҳои муоширати ширкати худро на танҳо аз алоқаи овозӣ васеъ намуда, доираи васеи медиаалоқаро фаро гирад.

Шумо метавонед ҳамаи намудҳо ва медиа технологияҳои гуногуни дар як сақфи Алоқаи Ягона (UC) муттаҳид кунед, то идоракунии осонтар ва хароҷоти камтарро ба даст оред. Шабакаи оптимизатсияшуда барои корбарони шумо, шӯъбаи ТИ (IT) ва буҷаи шумо хуб аст. Бо чанд клик корбаронро дар мавриди зарурӣ илова кунед ва бо дигар барномаҳои абрӣ ба монанди Microsoft Teams ҳамҷоя кунед. VoIP бо шабакаи SIP имконият медиҳад то ба осони шабакаи худро ба танзим дароред то ки он ниёзҳои шуморо ҳозир ва ҳангоми тағйир ёфтани вазъ қонеъ кунад.

Сарчашма:

https://www.bcmone.com/blog/the-differences-between-sip-and-voip/

relojes imitacion replique montre replicas relojes