vacancy

Талаботҳои имрӯзаи корфармо ва суханҳои баъзеҳо оиди «ин талабот барои як кас не, балки ба як шӯъбаи барномасозӣ»

04.12.2020 Автор: Khurshed Gulov

Ҳар кас худаш дар ин бора фикр ва ҳуқуқи бовар кардан ба он фикру ақида низ дорад, лекин агар ба технологияҳо нигоҳ кунем ва каме фаҳмиши чуқуртар бошад фаҳмидан осонтар аст, ки чӣ қадар дониш васеътар бошад ҳамон қадар хубтар ва осонтар аст.

Имконияти гирифтани дониши чуқур дар бисер соҳаҳо ҳаст, танҳо онро истифода бурдан лозим, вақте ки талабот ҳаст ба мутахассис ва касе онро ҳамчун талабот ба тамоми отдел ҳисоб мекунад ин эҳтимол худ як нишонаи норасоии малакаи корӣ аст, чунки нигоҳ кунем агар ба барномасозӣ, ҳама соҳаҳо ба ҳама алоқаманданд, забонҳои аз С баромадагӣ низ онҳо ба дараҷае монанд ба ҳамдигар, ки мушкил нест баъд аз C забонҳои C++, C#, PHP, Java, Go, Swift, Kotlin, JavaScript, TypeScript-ро ба дараҷаи хуб омӯхт, зеро фарқият танҳо дар забон аст ва забони барномасозӣ танҳо инструмент аст.

Барномасозе, ки малакаи корӣ дар сохтанӣ барномаҳо дорад ба у мушкил нест аз ин забон ё аз дигар забон истифода барад. Масалан дар вақти коркарди барномахои клиент-сервер, агар протокол HTTP бошад, пас он шахсе, ки бо дилхох инструмент http API навиштаги бошад метавонад аллакай боз чунин системаро дар дилхох забони дигар нависад, зеро дар ин ҷо гап дар бораи забон намеравад, гап дар бораи технология меравад ва http худ стандарт дорад. Мувофиқи стандарт дар Node.js, ASP.Net, http библиотекаи Go ва дигарҳо он як хел имплеметнация шудагӣ аст ва ин монанди ҳолате аст, ки барои кушодани винт шумо отвёртка ва шуруповерт доред, бо ҳар дуи он винтро кушодан мешавад ва ҳар дуи он як бартарӣ дорад ва то чӣ дараҷа ҷоиз аст гуфтан, ки касе бо отвертка мекушод то имрӯз бо он кушодан гирад ва ба шуруповерт нарасад ҳар кас худаш медонад.

Дар ҳолати будани имконият омӯхтан лозим, зеро бозор дар ҷунбиш аст ва он чизе, ки 5 сол пеш актуалӣ буд имрузҳо аллакай аз байн рафтагӣ аст ва агар 5 сол пеш кифоя буд донистани танҳо як технология ё як стэк имрӯз аллакай чунин нест. Бозор талабот дорад ва ба он мувофиқ шудан ё не ҳар кас аз худаш вобаста. Худ мавҷуд будани чунин талабот далели он аст, ки ин талаботҳо имруз пайдо шудагӣ нестанд ва аллакай миқдори зиёд replica rolex чунин инсонҳо ҳаст ки солҳои дароз аллакай фаъолият мебаранд ва он факт, ки шумоен онҳоро намешиносед сабаб дар маҳдуд кардани худатон аст, ки шояд фикр кунед, ки он чизе ки медонам кифоя. Агар асоси чунин суханҳо мавҷуд будани ҳаҷми зиеди кор ва даромади ба он мувофиқ бошад, сабаби бениҳоят хуб аст ош шавад, лекин сабаб кибру ғурур бошад, ки «ман ин чизро ба пуррагӣ омӯхтам ва беҳтаринам ва ба ман барин мутахассис олуда кардани дастҳоям дар дигар технологияҳо ҷоиз нест (зеро боз ҳамон ҳолати навомӯзӣ ба баргаштан лозим ва эго аз ин захмӣ мешавад)» инаш ҳам ихтиери худатон, лекин фикрҳои субъективиро объективӣ номидан лозим нест.


Ман солҳои дароз ҳамчун фрилансер фаъолият мекардам ҳоло ҳам кам кам мекунам, имрӯзҳо аз ҳар тараф шукри Худо ба барномасозҳо кор ҳаст, аммо он вақтҳое, ки оғоз карда будам дар бозори маҳаллӣ кор хеле кам буд, агар ман як забон ё технология кифоя гуфта гардам буд мемондам дар ҳамон ҷои худ, шавқ барномасозӣ ба бошад ҳам бо коркарди 3D моделҳо, видеомонтаж, системное администрирование ҳам ба рӯзғорам маблағ кор кардагӣ ҳастам. Хулоса ҳар як коре ки ба он даст зада будам ба фаъолияти новобастаи касбии ҳозира шукри Худо таъсири мусбии худро расондагӣ аст. Барои ҳамин ҳам он талаботҳое, ки имрӯзҳо аст ва он суханҳое, ки ҳаст оиди аз ҳад зиед будани онҳо барои як барномасоз ҳоҷати гапи зиёд нест, маъқул нест насупоред, лекин донед, ки чунин мутахассиси дархостшуда дар куҷое ҳаст ва соҳиби ҷои кор ва даромади хуб Худо хоҳад мешавад он вақте ки шумо фикри худро гуфта мешинед оиди «вакансия на целый отдел разработчиков». Ба ҳама шом ба хайр ва муваффақият.

relojes imitacion replique montre replicas relojes