КодингШом 4

02.04.2021 Автор: Khurshed Gulov

Шом ба хайр, КодингШом-и навбатиро санаи 4.04.2021 соати 20:21 ба нақша гирифтем, мисли ҳарвақта дар шакли онлайн стрим дар YouTube каналамон Худо хоҳад мегузаронем. Хоҳишмандҳо метавонед пайваст шуда тамошо кунед ва саволҳо бошад онҳоро диҳед.

Қисми теоретикии Angular-ро дар КодингШом-ҳои аввала гуфта гузаштем, акнун навбати практика омад, аммо барои чуқуртар омӯхтан ва фаҳмидани фронт энд фреймворк бэкенд низ лозим аст, ки аз КодингШом 4 оғоз карда якбора практикаи истифодаи Express + MongoDB-ро Худо хоҳад меомӯзем. Express веб сервер аст, ки ҳамчун пакети Node.js ба лоиҳа пайваст карда мешавад. Дар ҳамҷоягӣ MEAN стек меноманд, ки якум ҳарфи ҳар чаҳор компонент мебошад: M — MongoDB, E — Express, A — Angular, N — Node.js

Каме маълумоти иловагӣ оиди MEAN стэк дар ин ҷо: https://ru.wikipedia.org/wiki/MEAN_(веб-разработка)

relojes imitacion replique montre replika klockor replica uhren replicas relojes